Ҷунбиши ғайримуттааҳидҳо як созмони байналмилалӣ аст, ки дар соли 1961 дар авҷи Ҷанги сард дар Белград, пойтахти Югославия таъсис шуд. Ҳамакнун 120 кишвари ҷаҳон узви расмӣ ва 17 кишвар низ узви нозири ин ҷунбиш ҳастанд, ки метавон гуфт, ин ҷунбиш, тақрибан беш аз 2/3-уми аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва 55 дарсади ҷамъияти дунёро ташкил медиҳад.
Ба гузориши хабаргузории Форс, Шавкат мирзиёев, раисиҷумҳури Узбакистон дар нишасти Гурӯҳи тамоси ин ҷунбиш дар шаҳир Боку гуфт, дар раванди ислоҳоти СММ, аъзои ин ҷунбиш бояд курсии доим дар Шӯрои амният касб кунанд.
Нишасти сарони Гурӯҳи тамоси Ҷунбиши ғайримутааҳидҳо дар Боку, пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон, рӯзи панҷшанбеи гузашта бо дастури кори мубориза бо Ковид-19 ва бо ҳузури мақомоте аз 70 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла намояндаи Эрон баргузор шуд.
Мирзиёев афзуд, роҳи ҳалҳои ҷаҳонӣ барои даргириҳое, ки тайи муддати тӯлонӣ дар минтақаи ғарби Осиё ва Афғонистон идома ёфта, ҳанӯз пайдо нашудааст.
Вай ҳамчунин бар лузуми рӯзафзӯни густариш ҳамкориҳои амалӣ дар чорчуби Ҷунбиши ғайрмутааҳҳидҳо дар шароити ташдиди таҳдиди терроризм ва ифротгароӣ дар ҳамаи кишварҳо таъкид кард.
342/